Тӯли 30 сол беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд

Аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд.

Барои ҳамин, дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул шудааст, ки тибқи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт. Тавре раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли гузашта ба Системаи Муттаҳидаи Мониторинги Пиряхҳо шомил шуд. Дар айни замон муҳосибаи дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад. Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд. Аз тарафи мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо бошад, омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои калонтарини кишварро ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз омӯзиши пиряхҳо Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.

Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 барои мониторинг ва омӯзиши доимии пиряхҳо дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8% масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон маркази бузургтарини яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ буда, пиряхҳои воқеъ дар қаламрави он на танҳо махзанҳои об, балки танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *