Муовини вазири тандурустӣ, сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев тасдиқ кардааст, ки дар Ӯзбекистон низ «штамми британиягӣ»-и навъи нави коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумотҳо ин вирус тавассути духтари 10-солаи мактабхон, ки ҳамроҳи хонаводааш ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) сафар кардааст, ба ин кишвар ворид шудаасту онро дар фурудгоҳ ошкор намудаанд. Тавре “Ховар” менависад, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз аҳолӣ даъват кард, ки ҳушёр бошанд, ниқоби тиббиро дуруст ва мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷойҳои корӣ пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд ва дастҳои худро бо собун бештар шӯянд. Ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурат аз сафар ба хориҷа муваққатан худдорӣ кунанд.
Сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев ҳамчунин гуфт, ки дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои маҳдудкунанда, Ӯзбекистон метавонад дар парвозҳои ҳавоӣ маҳдудият ҷорӣ намояд.
Ба иттилои манбаъ бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус, манъи парвози ҳавопаймоҳои байналмилалӣ /воридотӣ, берунӣ ва транзитӣ/ бо Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Нидерланд ва Африқои Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон то 1 марти соли равон тамдид карда шуд.