Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз дарёи Вазоб ҷасади як нафар бедаракшударо берун оварданд.
Тавре сомонаи Кумита менависад, баъд аз пайдо кардани иттилоъ, имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, ғаввосони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасадро аз об берун оварданд ва маълум шуд, ки вай сокини Навободи ноҳияи Варзоб буда, 7 декабри соли 2020 аз хона баромада, бедарак шуда буд.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин ҳолати ғарқшавӣ давоми ду рӯзи охир мебошад. Пештар аз ин ҳам дар ноҳияи Рӯдакӣ як нафар кӯдак бинобар сабаби шикастани яхи кӯли шафати дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд.
Тавре навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи Радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод, ин ноболиғ Назаров Усмони 6 – сола сокини ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки ҳангоми яхмолакбозӣ кардан дар кӯли шафати дарёи Кофарниҳон, пас аз шикастани ях дар кӯл ғарқ мешавад. Дастаи наҷотдиҳандагони раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ноболиғро аз кӯл берун мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд, нисбати пайвандон ва азизонашон бетаваҷҷуҳӣ накунанд. Бахусус, кӯдаконро дар чунин фасли сард беназорат нагузоранд.