Донишҷӯӣ соли 2-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар вақти дар ошёнаи 2-юми яке аз биноҳои таълимии Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш, декани факултети менеҷменти байналмилалӣ, марди 43-солаи сокини пойтахтро барои ӯро аз Донишгоҳ хориҷ намуданаш бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.