Минбаъд судяҳо ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод менамоянд.
Ин тартиб дар лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова гардид. Ҳамчунин, моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мегардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудааст.
Инчунин, дар моддаи 18 (бозхонд ва озод намудани судя) номгузорӣ шудааст, сархати панҷум “бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат” ном дошт хориҷ гардида, сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум илова карда мешаванд, ки минбаъд судяе, ки нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд, асос барои озод намудани судя аз вазифа мегардад.
Бино ба маълумоти сомонаи Маҷлиси намояндагон аз лоиҳа қисми 7 хориҷ гардид, ки он масъалаи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 46 (ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) номи модда мебошад, пешбинӣ менамуд. Дар қисми 1 моддаи 46 Қонуни конститутсионии амалкунанда ба таври мушаххас навишта шудааст, ки Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, дар таҳрир нав ифода намудани он мувофиқи мақсад намебошад.