3,34 млн нафар истифодабарандаи интернет дар Тоҷикистон

акс аз “Спутник”

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботбӣ шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,34 млн нафарро дар бар гирифтааст.

Илҳом Атоев вобаста ба суръати пасти интернет ва қиммат будани нархи хизматрасониҳои интернетӣ гуфт, ки аз ҷониби шуъбаҳои назорати Хадамоти алоқа ягон камбудӣ ошкор нагардидааст ва дар самти хизматрасонии интернетӣ низ  ҳеҷ гуна мушкилӣ вуҷуд надорад. Ба иттилои номбурда хизматрасониҳои интернетӣ ва мобилӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар миёни давлатҳои минтақа мавқеъи созгорро касб намудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи раддабандии “Speedtest Index”, ки моҳи марти соли гузашта таҳия гардида буд, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пастраин ҳисобида шуда, миёни 141 кишвари ҷаҳон 127 ва аз рӯйи интернети ноқилӣ дар зинаи 109 қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, муовини сардори Хадамоти алоқа қайд намуд, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораи ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни Шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад.

 Баҳруллои М.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *