“Оё дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” адолат буд?” (шарҳи матбуот)

Интизориҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвиби тарҳи нави Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ”, лоиҳаи роҳандозии низоми нави фурӯши барқ ба сурати пешпардохт дар кишвар ва даргузашти ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафта буданд.

“Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 январ дар матлабе бо номи “Дастури президент самар овард.” навиштааст, ки бонки навтаъсиси “Саноатсодиротбонк” ба соҳибкорон қарзҳои боимтиёз медиҳад. Ҳокимшоҳ Бобозода раҳбари «Саноатсодиротбонк» ба нашрияи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки ин бонк бештар ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва содироткунанда қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуда, дар назар аст, ки қарзҳо ба соҳибкорон бо имтиёзҳои хеле зиёду фоизи паст ба муҳлати мувофиқ пешниҳод гарданд. Инчунин, Бобозода афзудааст, ки “Саноатсодиротбонк” метавонад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарзҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон, савдо ва истеъмолию ипотекӣ пешниҳод намояд. Ҳамчунин, бонки мазкур ният дорад ҷиҳати беҳтар намудани шароити шуғл барои занон, шахсони маъюбу имконияташон маҳдуд, маҳсулоти бонкиро бо  имтиёзҳои махсус роҳандозӣ намояд.

“Садои мардум”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 21 январ гузорише аз фаъолияти НБО “Норак” нашр карда, аз қавли      Фазлиддин Шоиддинов  – раҳбари ин неругоҳ навиштааст, ки  ба ҳолати 17 январ сатҳи болоии обанбор нисбат ба ҳамин санаи соли пеш 3,51 метр кам аст. Ба гуфтаи вай воридоти об дар ин рӯз 182 метри мукааб дар сония ва ихроҷи он таввасути агрегатҳо бошад, 470 метри мукааб  дар сонияро ташкил медиҳад.

   Фазлиддин Шоиддинов, ки  42 сол боз дар НБО «Норак» фаъолият дорад таъкид кардааст, ки то ба ин сатҳ кам шудани оби дарёи Вахш дар солҳои соҳибистиқлолӣ бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

“Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 январ дар матлабе интизориҳои хонандагонро аз Паёми навбатии Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии кишвар чоп кардааст. Далер Мерганов муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” бо итминон гуфтааст, ки паёми навбатӣ ба мисли паёмҳои қаблӣ аз масъалаҳои мубрам, таҳлили амиқ ва пешниҳодоти созанда таркиб ёфта, таҳрикдиҳандаи рушди бештари кишвар хоҳад шуд.

Бархе дигар аз хонандагон ибрози умедворӣ кардаанд, ки дар паёми навбатӣ ба масъалаи  такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати камтар кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, ислоҳоти сиёсати кадрӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар  таваҷҷӯҳ хоҳад шуд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар чорчуби як тарҳ ба зуди дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара наздики 400 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқӣ насб мешавад. Низоми нави фурӯши барқ “билинг” ном дошта, муштариён танҳо баъди пешпардохт соҳиби барқ мешаванд.

“Asia-Plus”

Нашрияи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 январ дар сармақолаи худ тарҳи нави Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ”-ро баррасӣ кардааст, ки он рӯзи 20 январ аз сӯи вакилони Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуд. Яке аз навовариҳои муҳим дар тарҳи қонун ин аст, ки аз ин ба баъд танҳо 10 дарсади ҷавонони сини даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда, боқимонда метавонанд бо пардохти маблағ ва машқҳои якмоҳа соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд. Тартиб ва ҳаҷми маблағи пардохтшавандаро Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон муаян хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол ҳуқушинос Наврӯз Одинаев ба нашрияи “Asia-Plus” гуфтааст, агар маблағи ҷамъшуда аз ин роҳ барои ҳавасманд кардани наваскарон масраф шавад, мушкилоти зиёд дар заминаи ҷалби ҷавонон ба артиш,  аз ҷумла мушкилоти бо ном “облава” аз байн хоҳад рафт.

“Фараж”

Ҳафтаномаи “Фараж” дар як матлабе навиштааст, ки дар шаҳри Бохтар соли гузашта 546 муштарии барқ ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Аҳлиддин Шарифзода сардори Хадамоти фурӯши барқи ин шаҳр гуфтааст, ки аз ҷамъи умумии ҷаримаҳо наздики 400 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст. Ба гуфтаи вай муштариёни ҷаримашуда 2 млн 339 ҳазор кв/соат барқро ғайриқонунӣ истифода кардаанд.

“Фараж” дар матлаби “Оё дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” адолат буд?” ба ҷой доштани бархе камбудиҳо дар ҷарёни баргузории ин озмун ишора кардааст. Муаллифи матлаб Давлатшоҳ Маҳмудов – устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ иддао кардааст, ки раванди роҳ ёфтани довталабон аз даври сеюм ба даври ҷумҳуриявӣ бар хилофи низомномаи озмун сурат гирифтааст.

Муаллиф дар фарҷом суол гузоштааст, ки агар дар даври ҷумҳуриявӣ чунин амалҳо сурат гирфта бошад, пас дар давраҳои ноҳиявӣ ва шаҳрию вилоятӣ чӣ гап шуда буд!?

Ҳамчунин аксари нашриҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳунарпешаи маъруфи театру синамо, коргардон ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов мақолаҳо ҷоп кардаанд.  Рӯзи 19 январ қалби Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни  83-солагӣ аз тапидан боз монд.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар тули ҳаёти худ дар театр, синамо ва телевизион наздики 200 нақши мондагор иҷро кардааст. Инчунин, дар як қатор филмҳои синамогарони Амрико, Олмон, Русия, Ӯзбекистон ва Эрон нақш бозидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *