Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» эълон менамояд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ додааст.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Дар озмун шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 «а» пешниҳод намоянд.
Телефон барои тамос: 909 17 55 55
Манбаъ: АМИТ “Ховар”