Баҳсе, ки қобили қайд аст, дар робита ба роҳандозии низоми электронӣ дар муассисаҳои таълимист, ки чанде пеш дар бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии фейсбук миёни корбарон доир гардид. Ёдовар мешавем, ки Эҳсон Яҳёев, як истифодабаранда бо пешниҳоди суоли зайл, ки «агар муассисаҳои таълимӣ ба низоми электронии тадрис гузаранд, чӣ натиҷа ба бор хоҳад омад?” ба баҳси мазкур асос гузошт.
Дар қисмати шарҳи ин матлаб, Миратуллоҳ Атоӣ, як тан аз фаъолони шабакаи иҷтимоӣ нахустин шуда арз доштааст, ки дар сурати роҳандозии чунин наҳваи таълим, табъан, кори омӯзгор осонтар мешавад, лекин сифати таълиму тарбия хуб намегардад, чунки ин системаи электронӣ ба таълиму тарбия ягон иртибот надорад. Фарзан, баҳои хонандаро дар рӯи коғаз монӣ чию дар компютер чӣ! Ба талабаҳо аз ин фоидае нест. Кори муаллим осон мешаваду бас!
Муҳаммадӣ Саидшоев дар ин маврид назари дигар дорад. Ӯ дар шарҳи худ навиштааст: “Дар давраи таҳсил дар яке аз гимназияҳои шаҳри Бӯстон баҳои ҳаррӯзаи мегирифтаи мо тариқи СМС ба волидайнамон ирсол мегардид. Ин моро водор мекард, ки таҳсили худро хуб ба роҳ монем, то дар назди падару модар дар хиҷолат наафтем. Саҳифаи махсуси интернетие вуҷуд дошт, ки аз рӯи фаъолият дар дарс ҷойгоҳи хонандаро муайян мекард. Дар он вақт мо барои хурсанд кардани волидон ва ҳам барои ҷои якумро гирифтан шабу рӯз заҳмат кашида, мехондем”.
Бонуи корбаре бо исму насаби Сония Насимзода ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муассисаҳои таълимиро баръакс бар зарари кор донистааст. Мавсуф дар шарҳи худ овардааст, ки вақте баҳои хонанда ё донишҷӯй аз тарафи дастгоҳи компютерӣ баҳогузорӣ мешавад, мусаллам аст, ки дар ин сурат нақши муаллим дуюмдараҷа мегардад. Агар мо сиёсати муаллимро дар ҷараёни таълим коста гардонем, ҳатман таъсири манфии он ба дониши хонанда мерасад. Ҳамзамон, эҳтироми муаллим аз тарафи хонанда ногузир мегардад.
Исмоил Холов, яке аз мубоҳисон перомуни ин масъала гуфтааст: “Мутаассифона, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки воситахои электронӣ ба хонанда чандон дониш дода наметавонад, танҳо бо хондани китоб метавонем соҳиби ақл, тамиз, хирад ва худшиносии миллӣ гардем”.
«Шумо боре зарари мавҷҳои электромагнитиро ҳисоб кардаед?» – суол кардааст Муҳаммад Шодизод. Мавсуф афзудааст, як тостер ҳамроҳ бо хӯроке, ки истеъмол мекунед, метавонад зарари бештар аз даҳ телефонро расонад. Пас, биёед каме паҳлуи манфиашро аҳамият диҳем, зеро ба мисли тори анкабут имрӯзҳо мавҷои электромагнитӣ моро иҳота кардаанду мо бехабарем!
Дар пайи ин ҳама раду бадали корбарон Насрулло Нуруллоев навиштааст, ки дар шаҳри Душанбе аллакай бисёри мактабҳо ин таҷрибаро ба роҳ мондаанд. Як воҳиди кории нав ташкил шудааст. Мутахассис баъди анҷоми дарс журналҳоро гирифта, пешрафти хонандаро назорат мекунад.
Усмон Камолов, яке аз иштирокдорони баҳс дар шарҳи навиштаи худ ба муаммоҳои ин мавзӯъ дахл кардааст. Ба назари ин корбар, барои ин кор 10 сол камӣ мекунад. На ба таври кифоя нусхаи электронии китобҳо дорем ва на мардум шароити истифода бурдан аз ин низомро. Дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳо ҳамагӣ 10-20 компютер ҳаст, 3-4-тояш кор мекунаду боқимонда вайрон. Барои ҷорӣ намудани ин низом пеш аз ҳама бояд шароит хуб бошад. Ба омӯзгорон маоши хуб ҷудо карда шавад.
Дар тақвияти андешаҳои бархе аз корбарон, ки аз ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ҷонибдорӣ кардаанд, Ворисҷон Бобоҷонов, яке аз иштирокдорон чунин навиштааст: “Дар воқеъ, назорати хонандагон аз тарафи падару модарон осонтар ва пурзӯртар мегардад. Ин аст яке аз роҳҳои осони ҳамкориҳо байни мактабу оила. Шахсан ман ҳам дар яке аз мактабҳои серхонандатарини шаҳр фаъолият дорам, хонандагоне, ки баҳои 5 мегиранд, худашон рӯзномаашонро ба муаллим барои баҳогузорӣ пешниҳод мекунанд, аммо хонандагони баҳои паст мегиранд, рӯзномаашонро аз муаллим пинҳон мекунанд. Баъзан падару модарон ба хондану фаъолияти фарзандони худ дар мактаб тамоман парво надоранд. Пас аз ҷорӣ намудани чунин низом хонандагон ба хона нарафта аллакай баҳо ва рафтори имрӯзаи онҳо пеш аз худашон ба падару модар ирсол мегардад. Хоҳу нохоҳ 5 ё дераш 10 сол мо пурра ба ҳамин низом рӯй меорем”.
Дар зимн, Фаррух Қурбонов иброз доштааст, ки ҳоло мо якбора ба зинаи баланд қадам монда наметавонем. Мактабҳои махсус, шахсӣ ва дигар намуди мактабҳо метавонанд. Аммо шумо деҳотро аз ёд набароред. Ҳастанд муаллимоне, ки компютерро намефаҳманд. Барои роҳандозии низоми электронӣ чандин миллион доллар сарф мешавад. Ин кори осон нест. Ба ҷои системаи электронӣ мо бояд китобҳоро назорат кунем. Бояд коре кард, ки китобҳо шавқовар бошанду хонданбоб!
Ин муаллиф дар хотимаи баҳси мазкур навиштааст: “Ҳоло сар то сари ҷаҳонро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст, барои ҳамаи мактабҳоро бо шабакаи интернетӣ пайваст кардан иқтидори молиявии мо намерасад”.
Дар ин маврид Фаррух Қурбонов пешниҳод кардааст, ки дар вазорати маориф ситод ташкил карда шавад, то мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо волидон робитаи зич ба роҳ монанд. Бояд дар мактаб тарзи ҷолибу шавқовар гузаронидани дарсҳо роҳандозӣ гардад. Хонандагонро ба фанҳои писандидаашон дилгарм кардан даркор. Агар муаллим руҳияи хонандагонро омӯзад ва дарсро осонфаҳм ва шавқовар гузаронад, боварӣ дорам, ки ҳама хонандагон муштоқи дарсаш хоҳанд шуд.
Дилшод Хидирназаров,
Радиои “Тоҷикистон”