Эмгузаронии то 6 млн нафар дар Қазоқистон

Шурӯъ аз 1 феврали соли 2021 дар Қазоқистон эмгузаронии “Sputnik V”  оғоз мешавад.

Ба иттилои вазири тандурустии ин кишвар Алексей Тсой байни маҷмааи дорусозии Караганда ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи интиқоли қисми якуми 20 ҳазор вояи ваксинаи “Sputnik V” созишнома ба имзо хоҳад расид.

“То 1 феврал ба нақша гирифта шудааст, ки эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавируси гурӯҳҳои аҳолии зарардида оғоз карда шавад. Пешгӯии эмгузаронӣ бо назардошти гирифтани ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад”, – омадааст дар хабари “Спутник”, ки аз номи Тсой гуфта шудааст.

Ба қавли манбаъ дар марҳилаи аввал кормандони тиббии беморхонаҳои сироятӣ, хадамоти таъҷилии тиббӣ, шӯъбаҳои эҳёгарӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, шӯъбаҳои қабули беморхонаҳо, кормандони хадамоти санитарию эпидемиологӣ эм карда мешаванд. Дар марҳилаи дуюм омӯзгорони мактабҳои миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, кормандони хадамоти тиббии идоравӣ ва ҳамин тавр, дар марҳилаҳои баъдӣ омӯзгорони мактаб-интернатҳо, муассисаҳои томактабӣ, донишҷӯён, шахсони гирифтори бемориҳои музмин эм карда мешаванд. Тибқи нақша то охири сол эмгузаронии то 6 миллион нафар дар назар аст.

Ёдовар мешавем, моҳи декабри соли гузашта дар маҷмааи фармасевтии Караганда истеҳсоли ваксинаи Русия алайҳи коронавируси “Sputnik V” оғоз ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *