Озмун миёни донишомӯзони фаъоли пойтахт

Беш аз 3 000 толибилми пойтахт барои дарёфти стипендияи раиси шаҳри Душанбе санҷиши тестӣ месупоранд.

Озмуни мазкур аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» – и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир мегардад ва тибқи иттилои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар озмуни стипендияи раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки қабалан ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии котиби Комиссияи озмунӣ – раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз руйи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.

Ба иттилои манбаъ озмун барои дарёфти стипендияи раиси шаҳр бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола роҳандозӣ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *