Имрӯз 11 январи соли 2021.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 11 январ дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8-13 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Ба иттилои Агентӣ дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 19-21° хунук, рӯзона 5-7° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 17-22 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 4-9° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 30-35 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 38-43 хунук, (дар мавзеи Булункӯл 48-50 хунук), рӯзона ҳарорати ҳаво 15-20 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 хунук мешавад.
Ҳавои камабри бебориш ва тумани тунукро барои шаҳри Хуҷанд пешгӯӣ мекунанд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона -1+1° мешавад. Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш ва дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15-20° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанберо шабона 7-9° хунук, рӯзона 4+6° гарм мегӯяд. Дар НТҶ ҳавои камабри бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук, рӯзона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 хунук мешавад.
Қурби асъор
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон 11 январ 1 доллари ИМА ба 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.8719 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1521 сомонӣ баробар аст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
11 январи соли 1913 дар Ню-Йорк аввалин автомобили тамғаи Седан дар ҷаҳон намоиш дода шуд ва дар ҳамин рӯзи соли 1909 аввалин пойгаҳи мошинронӣ байни занон дар ҳамин шаҳр баргузор гардид;
Дар ин рӯзи соли 1952 Комиссияи СММ оид ба бесилоҳ кардан таъсис дода шуд;
11 январи соли 1960 дар ИҶШС маркази омоданамоии кайҳонанвардон ба номи Юрий Гагарин таъсиси дода шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд;
11 январи соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омода кардани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ намуд;
Дар ин рӯзи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Каптстик гардид. Номбурда, ки шикоршинос ва муҳофизи ҷонварони нодир мебошад, нахустин намояндаи давлатҳои ИДМ аст, ки соли 2018 Ҷоизаи бонуфузи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстикро сазовор гардид.
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ташаккур аст ва дар Албания – Рӯзи ҷумҳурӣ қайд карда мешавад.
Дар Россия – Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ.