Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2020”- ро муаррифӣ кард.
Тавре аз маркази матбуотии вазорат иттилоъ дода шудааст, дар озмуни мазкур 5 нафар – Гулнора Оймадова – мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара, Шаҳло Неъматзода – мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино, Шаҳноза Раҳимова – мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор, Наргис Шарипова – мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон ва Таҳмина Ҳоҷибоева – мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд. Ҳамин тариқ, бо бартарияти бештари холҳо Таҳмина Ҳоҷибоева – мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳло Неъматзода – мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабини ҳамчунин гуфта шуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
Ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукоти озмун, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.