Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, дар соли гузаштаи 2020 ва дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар дар соли нави 2021 таваҷҷуҳ кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 январ мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи “Аш-Шарқ” – и давлати Қатарро бознашр кардааст. Президенти кишвар, дар ин мусоҳиба робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир бомаром рушд менамоянд.
Дар идома таъкид шудааст, ки сармоягузориҳои Қатар дар Тоҷикистон ба зиёда аз 62 миллион доллари ИМА расидааст. Пешвои миллат инчунин талошҳои Қатарро дар роҳи пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, шарҳ доданд, ки сулҳу субот ва рушди ин кишвар омили калидии амнияту суботи минтақа мебошад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” ҳамсоли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, 1 январи соли 2021 аз таъсиси он 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин росто, ҳайати эҷодию техникии нашрияи «Садои мардум»-ро бо 30–солагӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода табрик намудаанд.
Ҳамзамон «Садои мардум» дар нашри махсус дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти парлумон, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони «Рӯзноманигорони «Садои мардум» асосгузорони журналистикаи муосири тоҷиканд», «Рӯзномаи «Садои мардум» ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамсоланд», «Истиқлолиятро сано хонда, ҳақиқатро ситоиш кардаам» чоп кардааст.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 6 январ дар сармақолаи худ бо номи “Омори олӣ, бозори холӣ” аз амалкарди мақомоти масъули танзими нархҳо дар соли гузаштаи 2020 интиқод кардааст.
Ба навиштаи муаллиф ин дар ҳолест, ки тибқи як қарори ҲТ аз моҳи майи соли 2018, нархи 16 номгӯи молу маҳслуоти аввалияи рӯзгор дар сурати беасос 20 фоиз баланд шудан, таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.
Муаллиф дар баробари ин таъкид кардааст, ки ҳар як шаҳрвандро зарур аст то аз вазъи ноҳинҷории бозор, беназмии тоҷирон ва фориғболии масъулин дар канор набуда, балки барои ислоҳоти бозор ва беҳбудии вазъи некаҳволии мардум мусоидат кунем.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари хеш аз қавли Ҳоҷимуҳаммад Умаров коршиноси масоили иқтисодӣ навиштааст, ки соли 2021 вазъи иқтисодии кишвар беҳтар хоҳад шуд, агар монеаҳои мавҷуд дар роҳи рушди соҳибкорӣ бартараф карда шавад. Вай таъкид кардааст, ки яке аз роҳҳои муассир барои рушди иқтисоди Тоҷикистон истифода аз ашёи хоми маҳалӣ ва ивазкунандаи воридот дониста мешавад.
Ҳамзамон Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳимоят карда, афзудааст, ки дар аввал Душанбе ҷиҳати омӯхтани бурду бохти ин масъала бояд ҳамчун нозир вориди ин созмон шавад.
“Asia-Plus”
Нашрияи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 7 январ дар матлбае навиштааст, ки соли 2020 давлати Тоҷикистон барои соҳаи тандурустӣ ду баробар зиёдтар аз нақша маблағгузорӣ кардааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома дар даҳ моҳи соли ҷорӣ вазоарти молияи Тоҷикистон барои соҳаи тандурустии кишвар 1.8 млрд сомонӣ ҷудо кардааст.
Ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар як хабари кутоҳ навиштааст, ки дар 11 моҳи соли 2020 тавлиди барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 1 млрд кв/соат барқ кам шудааст. Ин нашрия навиштааст, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон 17 млрд 730 млн кв/соат барқ истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки ин нишондод дар ин давраи соли 2019, ба 18 млрд 729 млн кв/соат баробар аст.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 7 январ дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “Реформа дар БДА шарт ва зарур аст!!!” чоп карда, аз фаъолияти бархе нозирони БДА дар кишвар ба шиддат интиқод кардааст.
Дар оғози матлаб муаллиф аз он изҳори таъсуф кардааст, ки замони охир дар журналистикаи тоҷик як равандаи хатарзо рӯи кор омадааст ва он ҳам адами танқид! Ин дар ҳолест, ки ба навишати муаллиф журналистика барои ислоҳи ҷамъият ва инъикоси бурду бохти шохаҳои ҳукумат аст.
Дар идомаи матлаб муаллиф бо интиқод аз амалкарди нозирони роҳ навиштааст, ки бидуни шаку шубҳа имрӯз БДА ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар фарҷом муаллиф савол гузоштааст, ки шояд мисли Гурҷистон ин ниҳодро комилан аз миён бардорем???
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 6 январ маҷолаи муфассале дар бораи вазъияти марудми дараи Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд нашр карда, аз бетаваҷҷуҳии мақомоти масъули вилоят нисбати мушкилоти мардуми ин минтақа, интиқод кардааст.
Муаллиф дар ин мақола аз он изҳори таъҷуб кардааст, ки даҳ аст дастуру супоришҳои Пешвои миллатро барои ободии водии Яғноб касеву ягон нафар аз масъулин иҷро намекунад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи муаллиф қарор буд аз фонди захиравии Президент бодя 25 км роҳ дар водии Яғноб сохта мешуд, ки то ҳол як ваҷаби он ҳатто бунёд нашудааст. Муаллиф суол гузоштааст, ки оё мардуми дараи Яғноб ба ба ҳаёти озодонаву хуррамона ва зиндагии бо сари баланду шоиста ҳақ доранд?
Аҳмадов. З,
Радиоии “Тоҷикистон”