Дастгоҳҳои пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он бо навтарин таҷҳизот азнавсозӣ шуданд.
Имрӯз дар ҳузури Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дастгоҳҳои пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” тавассути таҷҳизоту барномаи нав дар эфир пахш шуданд. Тавре муҳандис ва масъули насби барномаҳо Сергей Каротина зимни муаррифӣ қайд намуд, барномаи мазкур истеҳсоли Италия буда, ҳоло танҳо дар баъзе аз давлатҳои Аврупо ва инак дар Тоҷикистон истифода мешавад. Ба гуфтаи Сергей Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он аз ҷумлаи аввалин истифодабарандаи насли нави ин барнома ба ҳисоб мераванд.
Барнома ва таҷҳизотҳои нав бисёрсамта буда, аксар корҳои эфирро ба таври автоматӣ иҷро мекунанд ва шунавандагон бар иловаи хатти телефон боз тариқи интернет ба таври мустақим бо студия пайваст мешаванд. Муҳимтар аз ҳама минбаъд сатҳу сифати барномаҳо беҳтар мегардад.
Хотирасон мешавем, ки Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он зина ба зина бо дастгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, чанде пеш сомонаҳои www.radiotoj.tj барои Радиои “Тоҷикистон”, www.sadoidushanbe.tj барои шабакаи “Садои Душанбе”, www.vot.tj барои шабакаи бурунмарзии “Овози тоҷик” ва сомонаи www.farhangfm.tj барои шабакаи “Фарҳанг” фаъол гардиданд, ки ҳамарӯза хабару гузориш пахш мекунанд. Инчунин, барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук, Инстаграм, Твиттер ва Телеграм саҳифаҳои Радиои “Тоҷикистон” ва 3 шабакаи он фаъоланд.