Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда 7 январ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Самариддин Ализода дар вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми солҳои охир тасмим гирифт, ки ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшонро ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Ин ҳадаф ҳамчун чорабинии муҳим дар Барномаи миллии иммунопрофилактика низ дарҷ гардидааст.
«Хушбахтона, соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Япония ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон тавассути ЮНИСЕФ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд»,-афзуд муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Инчунин Самариддин Ализода аз номи роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Япония аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кумаки худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда расонидааст.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории бештар иброз доштанд.