Табибони тоҷик нахустин маротиба ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи мамлакат гузаронида мешуд. Бо дастрасии дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳии Карл Штрос, ки истеҳсоли Германия мебошад, саратоншиносони тоҷик мушкилтарин ҷарроҳии вобаста ба саратони гурдаро бо харҷи ками маблағ ва вақт гузарониданд, ки ин дастоварди муҳими соҳа ба шумор меравад.
Тавре директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода ба “Ховар” иброз доштааст, дар соли нави мелодӣ аввалин маротиба дар мамлакат мутахассисони муассисаи мазкур ҷарроҳии саратони гурдаро низ бо усули эндовидеолапороскопӣ бомуваффақият гузарониданд. Айни замон дар маркази мазкур даҳҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳа, ки дар бонуфузтарин муассисаҳои илмию хизматрасонии тиббии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон такмили ихтисос гирифтаанд, фаъолият менамоянд.
Хотирасон мешавем, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази мазкур якчанд номгӯй дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудаанд, ки тавассути онҳо барои хизматрасонии тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.