Марги пирамарди 76-сола дар миёни оташ

Дар натиҷаи як сӯхтор дар ҷамоати Ориёнои ноҳияи Ашт пирамарди 76-сола ба ҳалокат расид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори хабар тасдиқ намуд, ки бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка) дар хонаи як сокини ноҳияи Ашт сухтор ба амал омад, ки дар натиҷа соҳиби хона – пирамарди 76-сола миёни алангаи оташ ба ҳалокат расид.

Гуфта шудааст, ки ба ҷои ҳодиса Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт сафарбар гардида сӯхторро хомӯш карданд ва мақомоти дахлдор сабабҳои аслии сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *