Беш аз 100 нафар кормандони Кумитаи ҷавон соҳибҷоиза шуданд

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мазкур имсол дар озмунҳо байни ҷавонони фаъоли кишвар беш аз 100 нафар иштирок карда,  сазовори ҷойҳои ифтихори гардидаанд. Аз ҷумла миёни 62 нафар довталаб 12 нафар сазовори   “Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ”, 50 нафар иштирокчи  22 нафар ҷавонон ба дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника технология ва инаватся, ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мушараф гардиданд.

Дар ин бора, Дилошуб Розиқзода корманди Кумитаи мазкур ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод.

Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ мегӯянд, дар соли 2020  мушкилоти пешомадаи сайёраро домангир буд, ин дастовардҳо лоиқи тақдиранд.

Коршиносони соҳаҳои гуногун ҷавононро дар ҷомеа қувваи бузург номида, идомадиҳандаи таърих, фарҳанг ва миллати куҳанбунёд арзёбӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовард ва пешравиҳои ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад.

Имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бараъло эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст.

 “Вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон чорабиниҳои оммавӣ, форумҳо, конференсияҳои сатҳи баланд ва меҳмонии ҷавонон ба минтакаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ гузаронида шуд. Инчунин дар Конференсяи ҷумҳурияви таҳти унвони “Ҷавонон таҳкимбахши даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар кори он 96 маърӯза пешниҳод шуда, айни замон як маҷмӯаи илмии “Ҷавонон ва илми муосир” омода гардида, дар марҳилаи чоп қарор дорад”- мегӯяд, Дилошуб Розиқзода корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ.

Бояд тазаккур дод, ки дар даври Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз миёни маҳфили адибони “Навқалам”-и  назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 7 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки ин низ аз фаъолияти назарраси Кумита шаҳодат медиҳад.

                                                                                        Гулрӯ Ниёзова

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *