Таъсиси рӯзафзуни идораҳои букмекерӣ, ки дар он рӯйи бозиҳои гуногуни варзишӣ, махсусан дидори дастаҳои футболӣ шартгузориҳо сурат мегирад, бархе аз сокинони кишварро нигарон кардааст. Хайрулло Насриддинов, як корбари фейсбук, ки сокини шаҳри Кӯлоб аст, бо нашри як навори видеоӣ аз вазъи феълии бархе ҷавонони кишвар, ки ба марказҳои ба истилоҳ «букмекерӣ» ҷалб гардидаанд, изҳори ташвиш кардааст. Дар навор дида мешавад, ки як гурӯҳи ҷавонон дар марказҳои букмекерӣ қарор доранд ва ба гуфтаи муаллиф ба шартбандӣ (қиморбозӣ) машғуланд. Хайрулло Насриддинов мегӯяд, ки ин амали ҷавонон натиҷае ҷуз носолимӣ ба сари онҳо намеорад ва онҳоро зарур аст, ки ба ин кор даст назананд. Ба назари ин корбар аксари онҳое, ки ба ин навъи шартбандиҳо машғуланд, аксаран ба бохт мувоҷеҳ мегарданд ва маҷбур мешаванд аз куҷое набошад, пул ёфта, ин амали худро идома бидиҳанд. Дар қисмати шарҳи ин навор муаллиф ба моликони ҳамаи ин гуна маконҳо муроҷиат кардааст, ки фаъолияти марказҳои букмекерии худро қатъ созанд ва маблағҳои барои бунёди чунин қиморхонаҳо равонакардаи худро барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ масраф намоянд.
Ин мавзӯъ баҳси гармеро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ба вуҷуд овард ва ибтидо Бозор Шарифов, як истифодбаранда навиштааст: “Ин як навъи рӯйирост рӯёнидани маблағ аз ҷайби онҳоест, ки ба қимор ва ин навъи бозиҳо мароқ доранд. Ман тарафдори онам, ки ҳамин хел қиморхонаҳоро маҳкам кунанд”.
Ба андешаи Ихтиёр Султонов бошад, беҳтар аст, онҳое, ки дари ин гуна идораҳоро мекӯбанд, худ ба варзиш машғул шаванд ва ба ин восита солимии ҷомеа таъмин гардад.
“Оқибати онҳое, ки бо ин гуна бозиҳо даромади муфт ба даст овардан мехоҳанд, яқин мардикорист. Онҳоро мебояд, ки ба омӯзиши касбу ҳунар машғул шаванд, то дар оянда азоб накашанд”, – мегӯяд Аҳлиддин Фатҳиддинов.
Миримшо Мирзохуҷаев, ишора ба мавзӯи матраҳ изҳори назар намуда, баҳри пешгирӣ аз ин масъалаи мубрам нашри пайвастаи гузоришҳо аз ҷониби рӯзноманигоронро муҳим арзёбӣ кардааст.
Ба нақл аз Далер Ғаюров, яке аз шарҳнависон то ними шаб дар гирду атрофи аксари марказҳои букмекерӣ бетартибиҳо аз ҷониби ҷавонон сурат мегирад. “Хоби сокинонро шабҳо ноором мекунанд”.
Идрис Маҳмуродзода, аз ҷумлаи мубоҳисон навиштааст, ки ин қиморхонаҳое, ки зери ниқоби бозиҳои варзишӣ фаъолият доранд, дақиқан, марказҳои бозиҳои компютериро имрӯз иваз кардаанд. Ҳоло дер нашудааст ва бояд фаъолияти онҳо боздошта шавад.
Баҳриддин Маизов, ки аз шарҳи навиштааш бармеояд, феълан дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ӯ дар шарҳ нигоштааст, ки “тирамоҳи соли 2019-ум дар Ватан будам. Дар радифи шумораи зиёди дорухонаҳо марказҳои букмекерӣ ҳам бештар шудааст”.
Саймумин Ҳотамов, истифодабарандаи дигар аз он нигаронӣ кардааст, ки онҳое, ки ба ин гуна шартбандиву қиморбозӣ одат кардаанд, дар сурати ба бохт рӯ ба рӯ шудан моли мардумро медӯзданд, то ин машғулияти худро идома дода, соҳиби пули муфт гарданд. Мутаассифона, кам андар кам иттифоқ меуфтад, ки нафаре дар ин гуна бозиҳо бурд кунад.
Аммо Баҳодур Раззоқов, як фаъоли иҷтимоӣ дар ин замина чунин иброз доштааст: “Марказҳои букмекерӣ андозсупоранда мебошанд ва бастани онҳо ба сарчашмаҳои даромади буҷети маҳаллӣ таъсир мерасонад.
Афзун бар ин, ҳар як инсон бо расидан ба синни 18 солагӣ қобилияти пурраи амалкунӣ пайдо мекунад ва барои ҳаракатҳои худ мустақиман ҷавоб медиҳад. Мо наметавонем барои кайк пӯстин сӯзонем. Ин муаллиф, хитоб ба Хайрулло Насриддинов, ки дохили яке аз чунин маконҳоро наворбардорӣ намуда, бо пахши он дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ба баҳси корбарон асос гузоштааст, чунин таъкид кардааст: Ҳангоми наворгирӣ аз чунин обйектҳо бояд розигии маъмурияти онҳо гирифта шавад, чунки ҳудуди моликияти хусусӣ дахлнопазир аст”.
Дар посух ба ин, Садбарг Боқиева, рӯзноманигори тоҷик дар хотимаи баҳси мазкур гуфтааст: “Барои андози маҳаллӣ чунин «маконҳои хонасалоткун» не, ягон манбаи солими созандаро пешниҳод кардан даркор. Боварӣ дорам, ки ин марказҳои букмекерӣ ягон дирам андоз ҳам намесупоранд. Шахсан ман зидди чунин маконҳои шартбандӣ ҳастам. Ахлоқу тафаккури ҷавононро вайрон мекунад”!
Дилшоди МУҲАММАД,
Радиои “Тоҷикистон”