Кӣ «Омӯзгори сол» шуд?

Дар Душанбе «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол»муайян карда шуд.

Тибқи маълумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» хабар доданд, дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2020” аз 853 нафар омӯзгор иштирок карда, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиб омад. Инчунин, дар даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” 55 нафар мураббӣ  иштирок намуданд, ки дар натиҷа мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» дониста шуд.

Миёни хонандагони пойтахт бошад, аз 90 нафар хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дониста шуд.

Гуфта шудааст, ки ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *