Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ «Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия гашт.
Тавре дар шарҳи ин хабар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардидааст.
“Барнома бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати роҳандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии мамлакат дар асоси муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шудааст. Ҳамзамон дар барнома натиҷаҳои татбиқи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», камбудиҳо ва сабақҳои андӯхта, таклифу пешниҳодҳо ва тадқиқоти аз ҷониби мақомоти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузаронидашуда, натиҷаҳои пурсишҳои соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷумҳурӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо истифода шудаанд”, – гуфта шудааст дар хабари “Ховар”.
Бояд гуфт, ки таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии барнома буда, барои расидан ба ҳадафи мазкур якчанд вазифаҳои зарурӣ, аз ҷумла такмили конунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон амалӣ карда мешавад.
Инчунин, ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташкил ва рушди механизмҳои самаранок ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор, бунёди инфрасохтори муосир барои дастгирии бахши хусусӣ аз самтҳои асосии барнома маҳсуб мешавад.