Пеш омадани муносибатҳои нав дар шароити иқтисоди бозаргонӣ такмили қонунгузории андозро ҳам тақозо мекунад. Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани рушди иқтисодию иҷтимоӣ Ҳукумати кишвар тағйиру иловаҳо ба Кодекси андозро дар таҳрири нав зарур донист. Дар натиҷаи фаъолияти мунтазами гурӯҳҳои корӣ лоиҳаи Кодекси андоз омода гардида, дар нимсолаи дуюми соли 2020 ба парлумон пешниҳод шуд. Кодекси андоз дар таҳрири нав то ҳол қабул нагардидааст. Аммо таҳиягарони он мегӯянд, ки муҳтавои он дар сурати пазируфта шудан, фазои соҳибкорӣ ва сароягузориро беҳтар карда, корбурди технологияи ҳозиразамонро дар мақомоти андоз такони тоза медиҳад. Ҳамзамони ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидати фаъол карда, шаффофиятро низоми андоз ва буҷети давлатӣ таъмин мекунад. Дар ин хусус суҳбати хабарнигори радиои “Тоҷикистон” ба Хуршед Ҷумъабоев, , директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”-и Донишгоҳи молия ва иқтисод, ва яке аз таҳиягарони Кодекси андоз дар таҳрири нав бо чанд савол муроҷиат кард.
Низоми андоз банди як бахши серсоҳаву сершоха буда, ба тамоми бахшҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимои давлат ва ҷомеа асаргузор аст. Ҳамзамон вобаста ба рушди иқтисоди бозорӣ, рушди фаъолияти ва ҳаргуна омилҳои ногаҳонӣ ниёзҳои нав дар муқаррароти андозбандӣ ба вуҷуд меоянд ё баъзе аз муқаррарот камаҳамият мегарданд. Бо назардошти ин чи зарурат пеш омад, то лоиҳаи Кодекси андоз таҳия шавад?
Низоми андоз ва қонунгузории андози дилхоҳ давлат аз якдигар фарқ мекунад, бо шумораи андозҳо, меъёрҳои андозӣ, тартиби андозситонӣ ва мисли инҳо. Аммо новобаста аз ин низоми андозбандӣ бояд ба принсипҳои муайян ҷавобгӯ бошад. Риояи принсипҳо имкон медиҳад, ки низоми андоз хуб ва самара бахш амал кунад. Метавон ин принсипҳоро ном бурд: адолатмандӣ, муайянӣ, мувофиқат ва самаранокӣ. Аз ин нуктаи назар таҳлили низоми андозбандӣ дар солҳои соҳибиистиқлол нишон медиҳад, ки он тадриҷан мукаммал гардида истодааст. Вобаста ба вазифаҳои дарпешистода ва самтҳои равнақу ривоҷи иқтисодиёти миллӣ он бояд мутобиқат намояд. Воқеан, сиёсати андози Ҳукумати кишвар барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва умуман дастгирии соҳибкории хурд ва миёна, ки бисёр муҳим мебошад, бояд равона карда шуда бошад. Тавре медонем, аз Кодекси амалкунанда аз 1-уми январи соли 2013 тасдиқ шуд. Дар баробари тағйиру иловаҳои зиёд ба Кодекси амалкунанда, ба фикри иқтисодчиён ва ашхосе, ки ба соҳаи андоз машғул ҳастанд, баъзе мухолифатҳо ба назар мерасад. Аз тарафи дигар, дар рушди маъмурикунонии андоз бисёр корҳои муфид, пеш аз ҳама истифодаи технологияи муосири компютерӣ дар фаъолияти мақомоти андоз, анҷом дода шуданд. Ин равиш кори андозсупорандагон ва умуман муносибати байни мақомоти андоз ва андозсупорандаро осон, шаффоф ва қулай гардонад.
Шумо, ки яке аз таҳиягарони лоиҳаи нав ҳастед, гуфта метавонед, ки мухолифатҳо ва талошҳо барои ҷорӣ кардани технологияи муосир аз чи иборат буданд?
Дар як муддати кӯтоҳ мо наметавонем, ҳамаи паҳлуҳои тағйиротҳоро пешбинишударо баррасӣ намоем. Аммо ба чанд нутка ишорам мекунам. Масалан, дар Кодекси нав таҳияшуда, дар масъалаи санҷишҳои андозӣ дигаргуниҳои зиёд ворид шудааст. Ба назари мо ин ба ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупоранда дар рафти санҷишҳои андоз таъсир мусбат мерасонад. Мафҳумҳои нав низ ҷолрӣ карда шуд. Яке аз онҳо машвартчӣ оид ба масъалаи андоз мебошад. Дар оянда субъектҳои хоҷагидорӣ метавонанд, аз хадамоти машвартчӣ истифода намоянд. Ҳамзамон доштани машвартчӣ ба суъбектҳо ихтиёрӣ буда, ҳатмӣ нест. Аммо ин яке аз имконот барои онҳо аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои худро дар муносибатҳои андозӣ ҳимоя намоняд. Дигар мафҳум мониторинги андоз мебошад. Ин ҳам аз дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар пешниҳод шуд. Истоб гардид, ки ҷорӣ намудани мониторинги андоз бисёр муфид аст. Ин маънои онро дорад, ки байни мақомоти андоз ва субъекти хоҷагидори қародод имзо мешавад ва суъбекти хоҷагидорӣ вазифадор аст, ки маълумотҳои худро ба мақомоти андоз пешниҳод мекунад. Дар худ мақомоти андоз уҳдадор аст, ки баъзе намуди санҷишҳои андозро анҷом надиҳад. Ин бовариро миёни мақомоти андоз ва соҳибкорон афзоиш медиҳад.
Дар масъалаи ҷалби саромоягузории дохилию хориҷӣ чӣ имтиёзҳои нав пешниҳод шуданд?
Возеҳ аст, ки дар Кодекси андози амалкунанда ҳам як зумра имтиёзҳо ба хотири беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муқаррар шуда буданд. Имтиёзҳои мазкур дар лоиҳаи пешниҳодшуда нигоҳ дошта шудаанд, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар рабт дорад. Дар баробари ин, имтиёзҳои нав илова гардиданд, ки ба саноати сабук, мисли коркарди пахта, пашм, пуст ва инчунин корхонаҳои истеҳсоли хуроки паранда ва чорво, равона шудаанд. Дар сурати пазируфта шудан, соҳибкорон метавонанд аз онҳо бархурдор гардаданд. Як пардохти нав-рентаи содиротӣ низ ҷорӣ гардидааст. Аҳамияти рентаи содиротӣ аз он иборат, ки ширкату корхонаҳое, ки ба коркарди канданиҳои фоиданок машғул ҳастанд, бояд ҳавасманд шаванд, то канданиҳои фоиданокро на чун ашёи хом, балки пурра дар дохили кишвар коркард намоянд. Ин таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки мо ҳам қабул кардем.
Мусоҳиба дар шакли савти ин ҷо дастрас аст:
Бо он ки мо аз таҳаввулоту мукаммал гардидани низоми андозбандӣ мегӯем, вале ҳамоно даромадҳои пинҳонӣ дида мешаванд. Пас иллат дар чист?
Дар дилхоҳ иқтисодиёти ҷаҳон иқтисодиёти пинҳонӣ ва гап дар бораи он меравад, ки меъёри ин иқтисодиёти пинҳонӣ чанд фоизро ташкил медиҳад ва кадом омилҳо сабаб мешаванд, ки иқтисоди пинҳонӣ зиёд ва кам шаванд. Аз ин нуктаи назар ман фикр мекунам, ки агар ме бештар ба муносибати ғайри нақдӣ як гузарем ва соҳибкорон бо роҳҳои гуногун ҳавасманд намоем ки хариду молу кору хизматрасониро ба таври ғайри нақди ташкил намояд албатта ин яке аз роҳҳои пешгирӣ намуданӣ иқтисодиёти пинҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар лоиҳаи кодеки андоз ҳам ин чиз хуб ба назар гирифта шудааст. Он субектҳои хоҷагидорие, ки ҳисобу китоби онҳо ба таври ғайри нақди сурат мегирад меъёрҳои андоз нисбатан пасттар пешбинӣ шудааст. Гуфтан наметавонем ки ин лоиҳа дар кадом намуд қарор мешавад ба ҳар ҳол тафовут дар ин ҷо пешбинӣ шудааст.
Дар Кодекси амалкунанда банде ҳаст, соҳибкороне, ки пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом медиҳанд, дар муқоиса бо пардохтҳои нақдӣ як фоиз кам андоз месупоранд. Дар лоиҳаи нав низ имтиёзҳои дигар ҷорӣ шудаанд?
Дар лоиҳаи нав ҳамин чиз пешбини карда шудааст, вале гап дар сари он меравад, ки субектони хоҷагидорӣ аз ҳамон терминалҳои пулқабулкунӣ дастрасии онҳо бояд содатар карда шавад. Ва як имтиёз дода шавад, ки ҳамин маблағ маблағе ки онҳо барои харидории таҷҳизот харидорӣ мекунанд ин маблағ ба як вақти муайян тамдид карда шавад.
Мо бо ҷори кардани василаҳои пардохти ғайринақдӣ дар низоми андозбандӣ то куҷо метавонем муваффақ шавем ки пур кардани даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ низ шафоф гардад?
Албатта, ин масъала бисёр масъалаи муҳим мебошад ва агар мо ба таҷрибаи давлатҳои хориҷа рӯ биёрем мебинем, ки ба таври ғайринақдӣ гузаштан ин ҳам барои субектҳои хоҷагидорӣ аз манфиат холӣ нест ва ҳам барои давлат. Барои давлат аз он ҷиҳат манфиатовар ҳаст, ки пул дар гардиши нақдӣ хурдашавиаш зиёдтар аст. Давлат барои чопи пулҳои нав боз маблағи калон сарф мекунад. Ин як тарафи масъала мебошад, тарафи дигар масъала он аст, ки амалиётҳое, ки ба таври ғайринақдӣ сурат мегиранд, мақомоти андоз бо истифодаи техналогияи ҳозирзамон даромади субектҳои хоҷагидориро пурра таҳти назорати худ мегирад. Барои назорати андоз оид ба дуруст ҳисоб намудан ва саривақт супоридани андоз вақти камро талаб мекунад. Ба кормандони мақомоти андоз аз ин нигоҳ сабукии кор муҳайё мешавад.
Ахиран ба Кодекси андози амалкунанда беъзе тағйиротҳо ворид карда шуд, аз ҷумла тағиротҳое, ки дахл дорад ба ширкатҳои интернетӣ мисли Google ва Youtube, инчунин интернет-мағозаҳо. Албатта, муқаррароти худро дорад ва шарҳи алоҳида мехоҳад, вале дар Кодекси акнун пешиҳодшуда ҳамин тағйиротҳо нигоҳ дошта шудаанд? Ва ё ба кадом шакл омадаанд?
Гап дар сари он аст, ки он тағйиротҳое шумо гуфтед, дар рафти таҳияи лоиҳаи Кодекси нав аллакай пешбинӣ шуда буд ва ин тағйирот ба Кодекси амалкунанда ворид карда шуд. Ширкатҳое, ки шумо номбар кардед, дар оянда супорандаи андоз ба ҳисоб мераванд. Ин таҷриба таҷрибаи нав нест. Дар таҳияи лоиҳаи нав аз тарафи гурӯҳи корӣ Кодексҳои андози давлатҳои хориҷӣ ва пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ба хулосае омадем, ки низоми андозбандӣ барои ин субектҳои хоҷагидорӣ пешбинӣ шавад.
Албатта, дар шароити имрӯза мо дида истодаем, ки фурӯши молу маҳсулот аз тариқи интернет равнақу ривоҷ меёбад. Барои соҳибкор аз як тараф хароҷоти камро ба бор меорад. Пеш аз ҳама хароҷот барои нигаҳдории молу маҳсулот, пардохти иҷора, инчунин пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар аз байн меравад. Дар ин ҷо байни он субектҳои хоҷагидорие, ки бевосита ба фурӯши молу маҳсулот дар мағоза машғул ҳастанд ва ширкатҳое, ки бе чунин хароҷот молҳояшонро пешниҳод мекунанд, нобаробарӣ пайдо мешавад. Бинобар ин, аз руйи принсипи адолатмандӣ чун табақаи субектҳои хоҷагидор андозбандӣ намудани ширкатҳои интернетӣ ва хизматрасониҳои электронӣ, мебошад.
Суҳбаторо Фирдавси Низом