Миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд

Санаи 5 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Ҳарбӣ мулоқот намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба аҳамияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва баргузории форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таъкид карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *