Варзишгарони навраси тоҷик охири моҳи ҷорӣ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск мераванд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон (U-17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021», ки аз 30-юми январ то 7-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, иштирок хоҳад намуд.
Тибқи нақшаҳои ташкилкунандагони «Ҷоми Рушд-2021» дар мусобиқа ҳашт дастаи наврасон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзанд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи миллии олимпӣ навиштааст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагиро ба мусобиқаи мазкур дар базаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дараи Алмосии Ҳисор шуруъ кард. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев соли гузашта дар “Ҷоми рушд” то финал баромада буданд.
Бояд гуфт, ки “Ҷоми рушд-2021” барои футболбозони навраси мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки имсол дар Баҳрайн доир мешавад, Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА ҳастанд.