
Имрӯз 6 январи соли 2021, чоршанбе мебошад.
Обу ҳаво
6 январ дар шаҳри Бохтар ҳаво абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 4-9° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 7-12 хунук, рӯзона -3+2° мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 4-6° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал омада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 25-30 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 20-22 хунук) мешавад.
6 январ ҳавои шаҳри Хуҷандро абрноки бебориш ва туман мегӯянд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона -3+2°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона -2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 хунук мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА – 11,3000 сомонӣ;
1 евро – 13,8696 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0,1503 сомонӣ.
Тақвими рӯз
Дар ҳамин рӯзи соли 1916 дар Англия хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд;
Соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид;
6 январи соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» оғоз гардид;
Ҳамин рӯзи соли 2020 блоки СААШ оид ба вазъияти Ироқ машварати таъҷилӣ доир намуд;
Расо як сол пеш дар иртибот ба «Алиф Бонк» табдил додани ташкилоти хурди қарзии «Алиф Сармоя» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд;
6 январи соли 2020 ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон дар интихоботи дар ҷумҳурӣ баргузоршуда ба палатаи қонунбарори Олий Маҷлис (парлумони) Ӯзбекистон пирӯз гардид.