Нархи чиптаҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба шур овард

Чаро нархи чиптаи ҳавопаймо аз Федератсияи Русия ба кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса бо Тоҷикистон арзон аст? Магар фосилаи роҳи ҳавопаймоӣ ба ин кишварҳо нисбат ба Тоҷикистон наздик аст ё ҳавопаймоҳои мо мисли таксиҳое, ки дар иду ҷашнҳо нархи роҳкироро бо баҳонаи он ки аз як тараф одам намеёбанд, қимат кардаанд? Ин суолҳое буд, ки Ҷамолиддини Фахриддин, рӯзноманигори тоҷик чанде пеш дар саҳифаи фейсбукии худ гузошт ва боис ба баҳси доғи корбарон гардид.

Дар шарҳи ин суолҳо корбаре бо номи Файзуллоҷон Сафаров навиштааст, ки дар чунин вазъияти душвор барои муҳоҷирон бояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаро паст кунанд. Бо пеш овардани душвории иловагӣ ба мардум ба мақсадҳои умумӣ нахоҳем расид!

Хуршед Розиқов дар пайи гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон бо танз навиштааст, ки шояд фосилаи беши масири ҳавоии Тоҷикистон аз фарозӣ, яъне кӯтал иборат аст ва аз кишварҳои ҳамсоя нишеб?

Дар пайи ин навишта, Гулистон Каримова, фаъоли иҷтимоӣ мисоли дигар овардааст, ки ба гунаи суоле, ки ба як масъул дар робита ба суръати пасти интернет пешниҳод карда буданд, баландии куҳҳоро сабаби асосӣ донист.

Насриддин Воҳидов, як истифодабаранда гуфтааст: “Бояд болои ин масъала назорат аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксаран марбути бахши хусусиянд ва аз ноилоҷии мардум суйистифода мекунанд”.

Муломир Шоев, яке аз иштиркдорони баҳс ҳам ин нуктаро қайд кардааст: Майян кардани сабаби асосии гаронии нархи чипта чандон душвор нест. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки ширкатҳои ҳавонавардии мо иштиҳои калон доранд. Бисёр хуб мебуд, ки андаке аз инсоф кор мегирифтанд, зеро муҳоҷирони мо аз замраи воридкунандагони асосии маблағи нақд ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Дар ин замина Далери Имомалӣ ба таври мухтасар иброз доштааст: Вақт аст, ки ин масъала дар шабакаҳои телевизионии мо ба таври возеҳ баррасӣ шавад.

Муломир Шоев, ҷойи дигар нигоштааст: Агар шумори ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон зиёд шавад, рақобати солим ба вуҷуд меояд. Яке аз роҳҳои солими рақобат поин бурдани нархи хизматрасонист, ки бо зиёд гардидани ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин ҳолат имконпазир хоҳад шуд. Ва ширкатҳое, ки нархи хизматрасониро баланд мебардоранд дар натиҷа муфлис мегарданд ё шеваи хадамоти худро тағйир хоҳанд дод.

Аз ин ҳама радду бадали корбарон пиромуни ин масъалаи мавҷуда ва мушоҳидаҳои инфиродӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки ширкатҳои ҳавопаймоии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бо баланд бардоштани нархи чипта, пеш аз ҳама ба фаъолияти худашон зиён ворид карда истодаанд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯзҳо муҳоҷирони корӣ бо максади сарфаи маблағи муайян (бештар аз 100$) гуруҳ-гуруҳ тавассути кишварҳои ҳамсоя вориди хоки кишвар мегарданд. Ҳоло бо боварии том метавон гуфт, ки ҳадди ақал 50–60%-и муҳоҷирони кории мо аз Русия тавассути хоки кишварҳои ҳамсоя вориди Точикистон мегарданд. Ҳоло ба гуфтае, даҳҳо нақлиёти сабукрав, яъне таксӣ дар назди сарҳад интизори онҳоянд.

Албатта, суоли: «Чаро ширкатҳои ҳавопаймоии мо дар ин гуна вазъият нархи чиптаро ба осмон бардоштаанду арзон карданӣ нестанд?» феълан посухи дақиқ мехоҳад. Мутаассифона, имрӯзҳо садҳо ҳазор доллар бо иллати баланд будани нархи чипта ба ҷайби кишварҳои ҳамсоя мерезад! Ин гумон, ки барои кишварҳои ҳамсоя омадани муҳоҷирони мо тариқи ҳавопаймоҳояшон чандон ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез нест, куллан хатост! Агар онҳо ба ин кор мароқ намедоштанд, ҳечгоҳ хӯроки бепул ва ройгон то ба назди сарҳад оварданро, тавре ки муҳоҷирони кории мо таъйид мекунанд, таъмин намекарданд. Ба нақли иддае аз ҳамватанонамон, ки чанде пеш аз Русия тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Ватан баргаштанд ва мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, аз сабаби абрнок ва ғуборолуд будани ҳаво тайёраи онҳо тағйири парвоз мекунад ва масъулини ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя сафари ҳаштсоатаи нақлиёти заминӣ ва хурду хӯроки ройгонро ба зиммаи худ мегиранд. Илова ба хӯроки медода, дар аснои сафар боз хӯроки дигар зам шуда, аз муҳоҷирони мо сари ҳар нафар 250 рубли русӣ талаб мекунанд. Дар натиҷа мусофирон аз ин нигарон мешаванд, ки фавран ин талаб аз ҷониби масъулин бекор карда мешавад. Яъне, бо мақсади бенасиб намондан аз даромади муфт, ки инро ширкатҳои ҳавопаймоии мо мутаассифона, ба кавле, пеши по заданд.

Дар интиҳо ҳаминро бояд гуфт, ки ҳоло вақт аст, ки нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва умуман масъулини марбута бознигарӣ шавад. Бадеҳист, ки Тоҷикистон маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда чандон зиёд надорад, то умед бандем, ки бо ин роҳ метавонем воридоти маблағи кофӣ ба кишвар ва рушди пурраи иқтисодиёти миллиро таъмин намоем. Ҳоло, ки дар аз худ кардани маблағи муфт сахлангорӣ мекунем, чи гуна ба содироти махсулоти гуногуни босифату арзон ба бозори ҷаҳонӣ комёб хоҳем шуд?

Хидирназаров ДИЛШОД,

Радиои Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *