Ахбори ВКД: Дар натиҷаи муноқишаҳо ду нафар ба бемористон интиқол ёфтанд

Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми декабри соли 2020 дар шаҳраки Навободи Исфара миёни ду нафар муноқиша сар задааст, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо бардоштани 2 захми кор бистарӣ шудааст.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49-солаи сокини шаҳри Исфараро ҳамчун гумонбари ҳодиса дастгир карданд, ки пеш бо моддаи 227 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри соли 1961) суд шудааст.

Ба ҳамин монанд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, шаби 30-юми ноябр ба 1 декабри соли 2020дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо калтак якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, марди 62-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Чораҳои дахлдор барои қоидавайронкунӣ дар роҳ

Милитсияи шаҳри Душанбе, ҳамчунин хабар медиҳад, ки бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони БДА  РВКД дар шаҳри Душанбе ба таври доимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешигирикунанда гузаронида мешавад.

Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории як қатор рейду амалиётҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки дар қатори дуюму сеюм дуру дароз таваққуф намудаани баъзе аз ронандагон боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва халал ворид сохтан ба ҳаракати бемамонияти дигар шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст, ки ин омил норозигии шаҳрвандонро ба миён овардааст.

Дар натиҷаи ҳамин ҷуна чорабиниҳо давоми рӯзҳои гузашта 20 ронандаи нақлиёт дастгир карда шуда,  нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *