Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Душанбе оғоз гардид

Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои пойтахт даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Дар ин давр аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 602 довталаб иштирок намуда, донишҳои худро месанҷанд. Мувофиқи низомномаи озмун, аз ин шумора 156 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» то 17 сентябр идома ёфта, ғолибони он аз ҷониби Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои пулӣ ба маблағи аз 10 то 30 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.