Дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Федератсияи Русия, роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик дар минтақаҳои Ҳавзаи федералии Приволжия ва ҳамватанон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик баргузор шуда, ба меҳмонон намунаҳои мусиқӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон пешкаш гардид. Ҳамзамон намоишгоҳи фарҳанг ва мероси миллӣ ташкил карда шуд, ки меҳмонон дар он бо либосҳои анъанавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги тоҷикон шинос шуданд.
