Рӯзҳои 27–31 июли соли 2026 олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани сафари илмӣ ба шаҳри бостонии Истаравшан ва шаҳраки Дилшод сафар намуданд. Дар ҷараёни ин сафар олимон иқлим ва хусусиятҳои боду ҳавои шаҳри Истаравшан ва атрофи онро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Шаҳри бостонии Истаравшан аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои тоҷикон ба шумор рафта, таърихи чандинҳазорсолаи тамаддунро дар худ таҷассум менамояд. Сокинони меҳмоннавоз ва деҳқонони меҳнатқарини он дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда доранд.
Самтҳои асосии иқтисодиёти шаҳрро кишоварзӣ ва саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Ангур, зардолу, себ, нок, чормағз ва дигар меваҳои хушлаззати маҳаллӣ аз дер боз баракати хонадони мардум ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ низ дар шаҳр рушд ёфтаанд.
Аз ҷумла, боду ҳавои фораму шифобахши шаҳраки Дилшод, ки дар баландии 1250–1350 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, барои истироҳат ва беҳбудии фаъолияти дилу роҳҳои нафас мусоид арзёбӣ мешавад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис гардидаанд, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан як қатор муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо фаъолият дошта бошанд. Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар барои истироҳат ва барқарор намудани саломатии худ ба ин минтақа ташриф меоранд.
Дар ҷараёни сафар олимон аз чандин мавзеъҳои сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳр дидан намуданд. Аз ҷумла, «Чойхонаи Қобилҷон» ва «Чойхонаи Кӯза», ки бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд шудаанд, диққати меҳмононро ҷалб намуданд. Дар «Чойхонаи Кӯза» ҳазорҳо намунаи ашёи қадимаи рӯзгор ва ҳунарҳои мардумии тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз завқи баланди эҷодӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Ҳангоми суҳбат бо меҳмонони аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар омада маълум гардид, ки аксари онҳо пеш аз ҳама барои баҳравар шудан аз ҳавои салқину форами ин диёр ба Истаравшан сафар мекунанд. Воқеан ҳам, ҳавои тоза ва салқини ин минтақа ба инсон эҳсоси сабукӣ бахшида, хастагии роҳро зуд аз байн мебарад. Обҳои зулоли чашмаҳои маҳаллӣ низ барои шикастани ташнагӣ ва истироҳати сайёҳон хеле гуворо мебошанд.
Иқлими шаҳри Истаравшан тобистон нисбатан салқин буда, шамоли форам пайваста мевазад. Зимистон бошад, ҳаво чандон сард намешавад. Давраи ҳавои салқин тақрибан 200–230 рӯз идома меёбад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл аз +18 то +24°С ва дар моҳи январ аз –3 то –8°С мебошад. Миқдори боришоти солона ба ҳисоби миёна 200–400 мм-ро ташкил медиҳад, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва парвариши зироатҳои хӯроки чорво шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳудуди шаҳр ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, қисми зиёди заминҳои кишоварзиро боғҳо, сабзавот, картошка, ғалладона ва дигар зироатҳо ташкил медиҳанд. Дар ин минтақа зиёда аз бист навъи ангур ва навъҳои сершумори себ, нок, зардолу, тут ва чормағзи маҳаллӣ парвариш карда мешаванд.
Ба парвариши ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳар сол садҳо ҳазор ниҳоли дарахтон парвариш гардида, барои сабзазоркунӣ ва рушди боғдорӣ истифода мешаванд. Ин тадбирҳо дар беҳтар гардидани муҳити зист ва ободонии шаҳру деҳот саҳми назаррас мегузоранд.
Деҳқонони меҳнатқарини Истаравшан аз қадимулайём таҷрибаи ғании кишоварзӣ дошта, ҳамасола ҳазорҳо тонна ғалладона, сабзавот, картошка, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамоянд. Ин саҳми арзанда дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Дар таъмини оби полезӣ ва оби нӯшокии минтақа нақши асосиро обанбори «Зарринруд» мебозад. Дар он ҳамасола тавассути дарёҳои Басманда ва Шаҳрисой ҳаҷми зиёди об захира мешавад. Ин обанбор дар танзими иқлими маҳаллӣ, нигоҳ доштани ҳавои салқин ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои истироҳату сайёҳӣ низ аҳамияти калон дорад.
Барои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид аз соҳили обанбори «Зарринруд», ки дар солҳои шастуми асри гузашта бунёд гардидааст, хотирмон буд. Ҳолати хуби истифода ва нигоҳдории ин иншоот аҳамияти онро дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа боз ҳам равшантар намуд.
Дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ истифодаи оқилонаи имкониятҳои табиии минтақаҳои дорои ҳавои мусоид аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ба андешаи муаллифон, рушди сайёҳии экологӣ ва тандурустӣ, инчунин истифодаи иқлими мусоиди шаҳри бостонии Истаравшан барои истироҳат ва беҳбудии саломатии аҳолӣ аз вазифаҳои муҳими замони имрӯз ба шумор меравад.

Қурбоналӣ Партоев,
доктори илмҳои кишоварзӣ
Мавлон Қурбонов,
номзади илмҳои кишоварзӣ.
