ДАР ДУШАНБЕ БАРНОМАИ НАВИ МОБИЛӢ БАРОИ ҚАБУЛИ ДАРХОСТУ ПЕШНИҲОДҲОИ СОКИНОН ФАЪОЛ ШУД

Аз 6 августи соли 2026 сокинони шаҳри Душанбе метавонанд муроҷиат, пешниҳод ва дархостҳои худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол» ирсол намоянд.

Платформаи рақамии мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия шуда, барои тақвияти иртиботи мустақими шаҳрвандон бо сохторҳои мақомоти шаҳрӣ роҳандозӣ гардидааст.

Тавассути ин барнома истифодабарандагон метавонанд дархостҳои худро бо нишон додани суроға, макони ҷуғрофӣ ва замима намудани акс ирсол кунанд, ки ин ба баррасии саривақтии масъалаҳо мусоидат хоҳад кард.

Барномаи «Шаҳрванди фаъол» барои зеркашӣ дар мағозаҳои App Store ва Google Play ба таври ройгон дастрас аст.