ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 100 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ШУДАНД

Имсол дар Тоҷикистон 100 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқра сарфароз гардиданд. Дорандагони ин имтиёз метавонанд бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба дилхоҳ муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии кишвар қабул шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намоянд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал 178 нафар довталаб аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шуданд. Пас аз гузаронидани давраи интихобӣ 139 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, дар натиҷа 100 нафар ғолиб дониста шуданд.

Аз ҷумла, 46 нафар аттестати аълои самти гуманитарӣ ва медали тилло, 38 нафар аттестати аълои самти табиӣ-риёзӣ ва медали тилло, 12 нафар аттестати универсалии аъло ва медали тилло, се нафар аттестати аълои самти табиӣ-риёзӣ ва медали нуқра ва як нафар аттестати аълои самти гуманитарӣ ва медали нуқра гирифтанд.

Дар шаҳри Душанбе бештари медалҳои тилло насиби хонандагони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино гардидааст.

Масъулони Вазорати маориф ва илм афзоиши шумораи ғолибонро ба беҳтар гардидани сифати таълим, фаъолияти самараноки омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон марбут медонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳамагӣ 73 нафар хатмкунанда соҳиби аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқра гардида буданд.