Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз эҳтимоли сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ ва баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз 1 то 3 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ зиёд мешавад. Ҳамчунин, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баланд шудани сатҳи об дар назар аст.
Илова бар ин, аз 3 то 5 август дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби ворид шудани чангу ғубор аз самти ҷануб ва ҷанубу ғарб, баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво аз зарраҳои чанг пешгӯӣ мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои хавфнок эҳтиёткор буда, тавсияҳои мақомоти дахлдорро риоя намоянд.
