Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 802 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 802,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ин ҳаҷм, ҳиссаи бештар ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар пойтахт 265,6 ҳазор метри мураббаъ ё 33,1 фоиз-и манзилҳои нав сохта шудааст. Дар вилояти Суғд 255,4 ҳазор метри мураббаъ (31,8%), вилояти Хатлон 202,9 ҳазор метри мураббаъ (25,3%) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71,5 ҳазор метри мураббаъ (8,9%) манзил ба истифода дода шудаанд.
Дар баробари манзилсозӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ низ идома ёфт. Дар ин давра 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 675 ҷойи нишаст сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ин шумора, 6239 ҷой ба вилояти Хатлон, 2308 ҷой ба вилояти Суғд, 3032 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 96 ҷой ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Ҳамзамон, муассисаҳои томактабӣ барои 1792 ҷой ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон муассисаҳо барои 1204 ҷой, дар вилояти Суғд барои 128 ҷой ва дар шаҳри Душанбе барои 460 ҷой сохта шудаанд.
Дар бахши тандурустӣ низ пешрафт ба қайд гирифта шуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дармонгоҳҳо барои 276 қабули беморон дар як баст сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
