ТИМИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БА ЧАМПИОНАТИ ДУЮМИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ ОМОДАГӢ МЕБИНАД

Тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ба Чемпионати дуюми ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, бо ҷиддият идома медиҳад. Варзишгарон таҳти роҳбарии ҳайати мураббиён дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ қарор дошта, ҳар рӯз аз рӯи барномаи махсус машқ мекунанд. Ҳадафи асосӣ омодасозии ҳамаҷонибаи паҳлавонон ва ҳимояи шарафи варзиши тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ба гуфтаи сармураббии тими мунтахаби гӯштини миллии Тоҷикистон Хуршед Ибайдуллоев, омодагии даста тибқи нақша идома дошта, барои баргузории тамринҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 18 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки онҳо дар шаш вазн байни писарон ва се вазн байни духтарон қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Хуршед Ибайдуллоев мегӯяд: «Омодагии тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад ва варзишгарон аз саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҷалб шудаанд. Барои омода намудани варзишгарон барномаҳои махсус таҳия гардидаанд, ки ба бартараф намудани камбудиҳо дар ҳаракату усулҳо равона шудаанд. Бо истифода аз чунин барномаҳо сатҳи омодагии техникӣ ва ҷисмонии паҳлавонон боз ҳам беҳтар мегардад».

Дар баробари ҳайати мураббиён, худи варзишгарон низ бо ҳисси баланди масъулият ба ин мусобиқа омодагӣ мебинанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки баргузории Чемпионати ҷаҳон дар Тоҷикистон барои ҳар як варзишгар мояи ифтихор буда, онҳоро водор месозад, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои арзанда тамоми имкониятҳои худро сафарбар намоянд.

Узви тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Салимов мегӯяд: «Омодагии мо дар сатҳи хуб қарор дорад. Ҳар рӯз тибқи нақша бо роҳбарии мураббӣ Хуршед Ибайдуллоев тамрин мекунем. Машқҳо аз омодагии ҷисмонӣ, такмили техника ва тактика иборат буда, барои ҳар як рақиб алоҳида омодагӣ мебинем. Кӯшиш дорем, ки дар мусобиқа натиҷаи арзанда нишон дода, Парчами Тоҷикистонро баланд бардорем.

Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ дар Тоҷикистон барои ҳар як варзишгар мояи ифтихор аст. Ин далели он аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи бештар эътироф мешавад. Бовар дорам, ки чунин мусобиқа барои рушди ин намуди варзиш, баланд бардоштани маҳорати паҳлавонон ва муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллии мо ба ҷаҳониён саҳми арзанда мегузорад. Умедворем, ки Тоҷикистон ин чемпионатро дар сатҳи баланд баргузор хоҳад кард».

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги варзишиву фарҳангӣ дорад. Яке аз хусусиятҳои муҳими ин мусобиқа фонди ҷоизавии он мебошад, ки 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолибони ҳар як вазн 20 ҳазор доллар, ба соҳибони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба барандагони медали биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад.

Интизор меравад, ки паҳлавонони тоҷик бо истифода аз таҷриба, маҳорат ва омодагии хуб дар ин мусобиқа баромади арзанда намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта дар афзоиши дастовардҳои варзишии кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Ин чорабинии муҳими варзишӣ 15 — 16 — уми август доир мегардад.

Анисаи Иқболшо,

коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон