Мақомоти шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонанд, ки аз 1 августи соли 2026 ҳамарӯза, ба истиснои рӯзи якшанбе, аз соати 06:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанд қитъаи роҳ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Маҳдудият аз гардиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи С. Носир, инчунин аз давродаври кӯчаи Карамов – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (товус) то гардиши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров (Наврӯзгоҳ)-ро дар бар мегирад.
Аз ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш карда мешавад, ки бо дарназардошти маҳдудиятҳои ҷорӣ аз роҳҳои алтернативии кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, масири ҳаракати худро пешакӣ ба нақша гиранд.
