Имрӯз, дар Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб бо иштироки васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Дилшоди Давлаталӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар шаш моҳи аввали соли 2026 маълумот дод.
Изҳор гардид, ки дар давраи сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 миллиарду 469 миллиону 661 ҳазору 400 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки дар бахши растанипарварӣ нишондиҳандаҳо ба 3 миллиарду 703 миллиону 533 ҳазор сомонӣ ва дар бахши чорводорӣ бошад 1 миллиарду 766 миллиону 128 ҳазору 400 сомонӣ расонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳру ноҳияҳои минтақа дар майдони 143 ҳазору 117 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро анҷом дода, нақшаро 103 фоиз иҷро намуданд. Дар ин замина кишти гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка, картошка, сабзавот, полезӣ, пахта ва дигар зироатҳои техникӣ вусъат ёфтааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ низ афзоиш ёфта, аз ҷумла 165 ҳазору 757 тонна ғалладона, 163 ҳазору 873 тонна сабзавот, 28 ҳазору 23 тонна картошка, 120 ҳазору 782 тонна полезӣ, 44 ҳазору 271 тонна мева ва 184 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Дар нишаст таъкид шуд, ки дар заминҳои аз кишти асосӣ холишуда 21 ҳазору 43 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар самти рушди боғдорӣ ва токпарварӣ 62 гектар боғи нав, 5 гектар токзори нав, 170 гектар боғ ва 11,1 гектар токзор барқарор карда шудааст.
Дар бахши чорводорӣ шумораи умумии чорвои калони шохдор ба 503 ҳазору 556 сар, чорвои майда ба 1 миллиону 638 ҳазору 678 сар, парранда ба 1 миллиону 109 ҳазору 937 сар ва оилаҳои занбӯри асал ба 38 ҳазору 488 адад расидааст. Дар ин давра 5163,8 тонна гӯшт, 4260,2 тонна шир, 15 миллиону 50 ҳазору 300 дона тухм ва 86,8 тонна асал истеҳсол гардидааст.
Дар идомаи нишасти хабарӣ зикр шуд, ки дар минтақа 116 хоҷагии моҳипарварӣ, 28 фермаи паррандапарварӣ, 16 хоҷагии зотпарварӣ ва 56 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво фаъолият дошта, баҳри рушди соҳа саҳми назаррас мегузоранд.
Дар самти ҳифзи растанӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон дар майдони зиёда аз 22 ҳазору 607 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах ва дар ҳазорҳо гектар боғу токзор, пахтазор ва майдонҳои сабзавот корҳои муҳофизатӣ анҷом дода шудааст.
Қайд карда шуд, ки барои иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ дар минтақа 6057 адад техника ва мошинҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 4202 трактор фаъолият менамоянд.
