НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН ЭЪЛОН ШУД: ИМСОЛ 72 ҲАЗОРУ 917 НАФАР ДОНИШҶӮ ШУДАНД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои тақсимоти довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои ду даври имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии соли 2026 эълон кард.

Ба иттилои Абдулвосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ, дар маҷмӯъ 72 ҳазору 917 довталаб ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул шудаанд. Аз ин шумора 14 ҳазору 410 нафар ба коллеҷҳо дар заминаи синфи 9 қабул гардидаанд. Нишондиҳандаи қабул ба коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум 62,76 фоиз, дар заминаи синфи 11-ум 41,31 фоиз ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 78,72 фоизро ташкил додааст. Ба гуфтаи Шодиниё, аксари муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нақшаи қабулро пурра иҷро накардаанд. Аз ҷумла, Филиали Коллеҷи тиббии инноватсионии ноҳияи Панҷ дар ноҳияи Нуробод ва Коллеҷи иқтисодӣ-техникии шаҳри Кӯлоб ягон довталаб қабул накардаанд. Ҳамчунин, нишондиҳандаи қабул дар панҷ муассисаи дигар низ хеле паст арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин, дар нӯҳ муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нақшаи қабул беш аз 100 фоиз иҷро шудааст. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, инчунин як қатор коллеҷҳои тиббӣ нақшаи қабулро пурра иҷро кардаанд. Пас аз тақсимоти асосӣ дар коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум 8552 ҷой, дар заминаи синфи 11-ум 20 ҳазору 130 ҷой ва дар донишгоҳу донишкадаҳо 15 ҳазору 886 ҷойи холӣ боқӣ мондааст.Маркази миллии тестӣ эълон кардааст, ки аз 11 то 13 август азнавбақайдгирии довталабоне баргузор мешавад, ки дар тақсимоти асосӣ комёб нашудаанд ва мехоҳанд дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок кунанд.

М. Тоҳирова