БА БУҶЕТИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ 368,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ВОРИД ГАРДИДААСТ

Дар шаш моҳи соли 2026 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба андозаи 109 фоиз таъмин гардид, — гуфт муовини сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб Рауфзода Толибҷон зимни нишасти матбуотӣ. – Ба ҷойи 337 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 368,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 31,9 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Изҳор гардид, ки дар давраи зикршуда шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пурра иҷро намуданд. Аз он ҷумла, шаҳри Кӯлоб 115,6 миллион сомонӣ (104 фоиз), ноҳияҳои Восеъ 55,7 млн сомонӣ (109 фоиз), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 36,0 млн сомонӣ (105 фоиз), Фархор 46,4 млн сомонӣ (107 фоиз), Темурмалик 24,6 млн сомонӣ (134 фоиз), Ховалинг 44,1 млн сомонӣ (111 фоиз), Муъминобод 18,5 млн сомонӣ (115 фоиз) ва Шамсиддин Шоҳин 27,8 млн сомонӣ (119 фоиз) иҷрои нақшаи буҷети маҳаллиро таъмин карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 511,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардид, ки ба шаҳри Кӯлоб 86,8 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Восеъ 102,5 миллион, Ҳамадонӣ 65,1 миллион, Фархор 73,7 миллион, Темурмалик 20,4 млн, Ховалинг 5,8 млн, Муъминобод 56,1 млн, Шамсиддин Шоҳин 38,4 миллион сомонӣ рост меояд.

Дар ин давра аз буҷети вилоятӣ 59,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла ба шаҳри Кӯлоб 5,5 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Восеъ 4,5 миллион сомонӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4,8 миллион сомонӣ, Фархор 4,3 миллион, Темурмалик 19,9 миллион, Ховалинг 4,3 миллион, Муъминобод 5,7 миллион ва Шамсиддин Шоҳин 2,7 миллион сомонӣ рост меояд.