РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26 июл дар боғи фарҳангу фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои ноҳияи Данғара аз наздик шинос шаванд. Ҳамзамон, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки аҳли ҳунар пешкаши тамошобинон мегардад.

Чорабинӣ соати 17:00 оғоз мешавад.