Дар ДДТТ конфронси 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ» баргузор гардид

Дар «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» конфронси 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марзҳои нави илм ва амалияи тиб» баргузор гардид.

Конфронси мазкур ба баррасии дастовардҳои муҳими илми тиб, татбиқи зеҳни сунъӣ дар ташхису табобат, рушди тандурустии рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ бахшида шудааст.

Зимни чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин иброз дошт, ки имрӯз соҳаи тиб тағйироти азими технологиро аз сар мегузаронад.

Инчунин таъкид шуд, ки зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва роҳҳалҳои рақамиро дигар наметавон танҳо технологияҳои оянда номид, зеро онҳо аллакай имрӯз имкониятҳои табибонро васеъ намуда, дақиқии ташхисро баланд мебардоранд ва дастрасии шаҳрвандонро ба ёрии босифати тиббӣ беҳтар мегардонанд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки конфронси 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ ҳамчун минбари муҳимми муколамаи илмӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва баррасии дурнамои рушди тибби муосир хизмат хоҳад кард.