Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ форуми байналмилалии Помиринвест — 2026 баргузор гардид. Нахуст меҳмонон дар саҳни мақомоти иҷроия аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои корхонаҳои саноатии вилоят дидан намуданд.
Қисмати расмии чорабинӣ бо суханронии раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода оғоз гардид. Раиси вилоят баргузории форумро як қадами устувор дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиёти Бадахшон арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки дар панҷ соли охир дар асоси эълон намудани солҳои 2022 — 2026 – солҳои рушди саноат, дар шаҳру навоҳии вилоят 174 корхона бунёд гардида, сохтмони 30 корхонаи дигар идома дорад.
Дар дигар соҳаҳо аз ҷумла, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика низ корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд.
Зикр гардид, ки имсол сохтмони қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ–Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба итмом хоҳад расид. Корҳо дар марҳилаи навбатии сохтмони ин шоҳроҳ оғоз меёбад.
Гуфта шуд, ки ҳамкории солҳои охир дар маҷмуъ ва натиҷаи Форуми “Помиринвест” аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бо ба роҳ мондани фаъолияти масъулиятнок, дар заминаи боварию эътимоди тарафайн, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шарикони рушд метавонанд масъалаҳои зиёдро ҳаллу фасл намоянд.
Бояд гуфт, дар форуми имсолаи сармоягузории “Помиринвест-2026” дар маҷмӯъ 57 адад тафоҳумномаҳо ба зиёда 6 млрд 580 млн сомонӣ ба имзо расиданд
Сафармои Маҳмадфозил,
Радиои Тоҷикистон
