ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН 10 ИХТИСОСИ НАВ ТАЪСИС ШУДААСТ

Дар соли таҳсили 2026–2027 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат 10 ихтисоси нав таъсис додааст.

Ректори донишгоҳ Қудратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки пеш аз роҳандозии ин ихтисосҳо аз ҷониби донишгоҳ омодагиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла таҳияи барномаҳои таълимӣ, фароҳамсозии заминаи моддию техникӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтахассус ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат анҷом дода шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ихтисосҳои нав соҳаҳои муҳими иқтисод ва технологияро фаро гирифта, ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир равона шудаанд. Аз ҷумла, «Таъминоти барномавии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ», «Технологияҳои ҳушманд», «Амнияти киберӣ», «Криптография», «Технология ва менеҷменти саноати сабук», «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати сабук», «Масолеҳшиносӣ ва экспертизаи сифати маҳсулоти нассоҷӣ ва саноати сабук», «Технологияи саноати дору», «Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок» ва «Хизматрасонии техникии лифтҳо ва эскалаторҳо» аз ҷумлаи ихтисосҳои навтаъсис мебошанд.

Масъулини донишгоҳ мегӯянд, қабули донишҷӯён аз рӯи ин ихтисосҳо аз соли таҳсили 2026–2027 оғоз гардида, донишгоҳ барои таълими довталабон аз рӯи ҳамаи ин самтҳо пурра омода аст.