Ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» роҳандозӣ гардида, нишонаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинон дар ободонии шаҳр маҳсуб мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд, корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи Фирдавсӣ бо дастгирии мақомоти мазкур, саҳми соҳибкорон ва сокинон ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо чунин корҳои ободонӣ на танҳо дар маркази шаҳр, балки дар деҳот низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома доранд.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои «Тоҷикистон»
