Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмуаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардидааст, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 дар кишвар 9 ҳазору 614 ҳолати бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,5 фоиз кам мебошад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар сохтори умумии бемориҳои сирояткунанда ҳиссаи бештар ба бемориҳои сироятии тавассути ваксина пешгиришаванда рост омада, онҳо 24,5 фоиз-и ҳамаи ҳолатҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳанд. Бемориҳои рӯда бо 22,8 фоиз, гепатитҳои вирусӣ бо 18,4 фоиз, бемориҳои нозосироятии иҷтимоӣ бо 16,8 фоиз ва дигар бемориҳо бо 17,5 фоиз аз шумораи умумии бемориҳои сирояткунанда саҳм доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ аксари бемориҳои сирояткунанда тамоюли коҳиш доштаанд. Аз ҷумла, шумораи гирифторони бемориҳои шадиди рӯда 23,6 фоиз, гепатитҳои вирусӣ 5,4 фоиз, сурхча 56,9 фоиз, сулфакӯтак 59,3 фоиз, паротити эпидемӣ 40,0 фоиз ва бемории сил 12,5 фоиз нисбат ба панҷ моҳи соли гузашта кам гардидааст.
Ҳамзамон, дар баъзе намудҳои бемориҳо афзоиш ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, ҳолатҳои гирифторӣ ба гепатити музмин, обакон ва баъзе бемориҳои паразитарӣ зиёд шудаанд, ки зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунанда ва назорати эпидемиологиро тақозо менамояд.
Аз рӯи минтақаҳо, шумораи бештари ҳолатҳои бемориҳои сирояткунанда дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ нисбат ба соли гузашта коҳиш мушоҳида мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа натиҷаҳои бадастомада самараи татбиқи барномаҳои давлатии эмгузаронӣ, тақвияти чораҳои санитариву эпидемиологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва беҳтар гардидани хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.
