Ободонӣ дар Шуғнон вусъат меёбад

Бо наздик шудани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шуғнон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ ҷараён дошта, барои сари вақт мавриди истифода қарор гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Тавре сармеъмори ноҳияи Шуғнон Шамсиддини Фародшо зимни суҳбат изҳор дошт, ба истиқболи ҷашни Истиқлолият дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо аз 255 банд иборат таҳия ва тасдиқ гардида буд. Айни ҳол ҳамаи чорабиниҳои пешбинишуда мутобиқи нақша иҷро гардида, рафти онҳо таҳти назорати доимии масъулини ноҳия қарор дорад.

Ба гуфтаи номбурда, дар баробари татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, корҳои бунёдкорӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ низ густариш ёфтаанд. Шамсиддини Фародшо иттилоъ дод, ки илова ба иншооти пешбинишуда, берун аз нақша низ корҳои сохтмонӣ идома доранд. То имрӯз сохтмони 138 иншоот оғоз гардидааст. Аз ин шумора 78 иншоот пурра ба истифода дода шуда, дар 60 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Сокинони ноҳияи Шуғнон ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Ба андешаи онҳо бунёди иншооти нав барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия заминаи устувор фароҳам меорад.

Анисаи Иқболшо,

коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон