Ҳамоиши илмию маърифатӣ бахшида ба мероси Ҳаким Майсарӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и кишвар бо ташаббуси ҶДММ «Тибби Ҳаким Майсарӣ» таҳти унвони «Ҳаким Майсарӣ: табиби некдон, шоири мумтоз ва тоҷики асил» ҳамоиши илмию маърифатӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба ифтихори истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи фарзанди ҳакиму фарзонаи миллати тоҷик, табиби ҳозиқ ва шоиру адиби классик Ҳаким Майсарӣ баргузор карда шуд.

Дар ҳамоиши илмию маърифатӣ олимону муҳаққиқон, табибон, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва роҳбарияти ҶДММ «Тибби Ҳаким Майсарӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки ҳамоиши мазкур дар партави сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат, дар самти эҳёи номи шахсиятҳои илмию адабӣ ва донишмандоне, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои миллати тоҷик ва илму адаби тоҷик хидмат кардаанд, баргузор мегардад. Зикр шуд, ки Ҳаким Майсарӣ низ аз зумраи классикони барҷаста ва соҳибосори миллати тоҷик мебошад.

Ин табиби тавонманд, шоири мумтоз ва андешманди барҷастаи миллати тоҷик китоби пизишкию манзуми худро бо номи «Донишнома» ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст.

Китоби «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ куҳантарин китоби манзум дар илми пизишкӣ буда, нусхаи хаттии ин асари арзишманд дар Китобхонаи миллии Париж нигоҳдорӣ мешавад. Ин табиби нуктадон илми тибро дар қолаби шеъри тоҷикӣ ворид карда, дар 4405 байт роҳи табобати беш аз 420 бемориро пешниҳод кардааст. «Донишнома»-и Майсарӣ ягона асари боқимондаи ӯ буда, тибқи таҳлилҳо, ӯ тақрибан 50 сол пеш аз таваллуди Абуалӣ ибни Сино зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Дар охири ҳамоиш таъкид гардид, ки бо фароҳам будани имкониятҳои рушди илму техника, сулҳу суботи пойдор ва дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар, насли ҷавонро месазад, ки шахсиятҳои илмию таърихӣ, донишмандон, пизишкон, орифон ва дар маҷмӯъ фарзандони фарзонаву хидматнишондодаи миллати худро бишносанд ва осори илмию адабии онҳоро соҳибӣ намуда, арҷ гузоранд.