ҚАЛЛОБОНИ ИНТЕРНЕТӢ АЗ ЯК ШАҲРВАНД ТО 100 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГИРИФТААНД

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 307 ҷинояти киберӣ, аз ҷумла ҳолатҳои қаллобӣ тавассути интернет ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар яке аз ҳолатҳои ошкоршуда шаҳрванд бо умеди ба даст овардани фоида 100 ҳазор доллари амрикоии худро ба қаллобони интернетӣ супоридааст.

Масъулон аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва анҷом додани амалиёти молиявӣ ҳушёр бошанд ва ба ваъдаҳои даромади осон бовар накунанд.

Сарвинози Сайдалӣ