Ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба Робияи Балхӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии Робияи Балхӣ, муаррифии ҷойгоҳу мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ва тарғиби осори ин шоираи номвар миёни ҷавонону наврасон доир шуд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, адабиётшинос Ҳасани Султон иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ меҳмонон аз зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва ҷойгоҳи Робияи Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ӯ аз нахустин занони соҳибдевон ва аз чеҳраҳои мондагори адабиёти классикӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи онҳо, меҳвари асосии ашъори Робияи Балхӣ муҳаббат, самимият ва покии эҳсосот буда, забони осори ӯ, бо вуҷуди хусусиятҳои забони классикӣ, бисёр шево, равон, сода ва фаҳмо аст. Ҳамчунин, ҷасорати баёни андеша ва мавқеи ӯ ҳамчун як зани шоир дар даврони худ аз вижагиҳои муҳими эҷодиёташ арзёбӣ гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки омӯзиш ва тарғиби мероси адабии Робияи Балхӣ барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва рушди завқи китобхонии ҷавонон аҳамияти хос дорад.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар муаррифии мероси шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва таҳкими маърифати фарҳангии насли ҷавон нақши муассир мегузоранд.

Меҳрона Разоқзода

Шоҳрух Ғиёсов